Ҷасади духтари ғарқшударо дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ёфтанд (аудио)
Ҷасади як духтари 18-сола, ки 27-уми июни соли ҷорӣ ғарқ шуда буд, дар қаламрави ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон пайдо карда шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, ҷасади духтари 18-соларо сокинони маҳаллӣ дар қаламрави деҳаи Кӯлободи ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсупова соати 10-и субҳ пайдо карданд. Ин ҷасад тахминан дар масофаи то 1000 метр аз ҷойи ҳодиса пайдо шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин духтари ҷавон рӯзи 27-уми июни соли 2022 тахминан соатҳои 9:00 то 10:00 дақиқа дар шохоби рости канали магистралӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулсара Юсупова, деҳаи Гулдара-1-уми ноҳия ғарқ шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ