Ҷасади нафареро аз рӯди Душанбе берун оварданд

Дирӯз, 30-юми марти соли 2022, соати 17:09 дақиқа ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расидааст, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, пеш аз пули мошигузари собиқ бозори Султони Кабир, дар дохили рӯди Душанбе ҷасади нафаре намоён аст.

Баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ ва МГ дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шудаанд.

Кормандони наҷот соати 17:30 дақиқа ҷасадро аз об берун оварда ва ба мақомоти умури дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ супоридаанд.

Шахсияти ҷасад то ин замон маълум нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *