Ҷасади навраси 13-сола аз қаъри канали ҳудуди Душанбе пайдо шуд (аудио)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз ҳалокати як наврас дар канали ҳудуди Душанбе хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, соати 15:25 дақиқаи рӯзи 26-уми май ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарқ шудани як навраси 13-сола дар канали “Дериватсиони” дар ҳудуди қаламрави кӯчаи Нодираи шаҳри Душанбе хабар расидааст. Бо дарёфти хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шудаанд. Маълум шудааст, ки ғарқшуда 13 сол дошта, сокини кӯчаи Нодира, бинои 97-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт будааст.

Ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷўиву наҷот, ки муддати се рӯз идома мекунад, билохира ғаввосон субҳи рӯзи 28-уми май, соати 14:57 дақиқа ҷасадро дар умқи оби канал пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.

— Сабаби марги наврас маълум нест. Аммо эҳтимолан аз беназоратии волидону беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шудааст,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *