Ҷасади пора-пораи муҳоҷирро дар Санкт-Петербург пайдо намуданд
19-уми июл дар поёноби дарёи Мга вақеъ дар шаҳри Санкт-Петербург пойи нафари номаълумро бо аломатҳои марги маҷбури падо намуданд. Дар ин бора портали “47news” хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи гузаронидани корҳои тафтишоти ҳувияти шахси тақсимшуда зуд муайян карда шуд. Маълум шуд, ки он як шаҳрванди 23-солаи Ӯзбакистон Ҳотамҷонов мебошад.
Гуфта мешавад, ки як қисми бадани Ҳотамҷонов бе сар ва дастҳо дар поёноби дарёи Мага моҳи июн падо карда буданд.
Мақомоти Русия то ҳол қотилони ҷинояти мазкурро пайдо накардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ