Ҷасади Сафияхони 10-сола аз  Ӯзбекистон пайдо шуд

Баъди беш аз як моҳ, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 10-соларо аз шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дарёфт карданд.

Дар ин бора Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари бахши КҲФ шаҳри Хуҷанд ба Pressa.tj хабар дод. Бино ба маълумоти ӯ, ҷасади ӯро кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқудодаи Ӯзбекистон 12-уми март баъди нисфирӯзӣ, тахмин соатҳои 15:15 дарёфт кардаанд. Гуфта шуд, ки ҳоло ҷасади духтарак дар яке аз сардхонаҳои Ӯзбекистон қарор дорад.

Падари Сафияхон Саидаъзамхон Раҳматов низ  дар суҳбат ба Pressa.tj ин хабарро тасдиқ кард. Вай гуфт, ҳоло ҷасади духтараш дар яке аз сардхонаҳои кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон қарор дорад ва онҳо ҳуҷҷатҳои лозимаро барои гирифтани ҷасад омода карда истодаанд.

 Бино ба гуфтаи падари Сафияхон, эҳтимол субҳи 13-уми март, соати 10 онҳо вориди Тоҷикистон мешаванд.

Тибқи мактуби ҷавобии КҲФ Ӯзбекистон, ки ба намояндагии КҲФ Тоҷикистон дастрас шудааст, ғаввосони ниҳоди мазкур ҷустуҷӯйро дар ҳудуди вилояти Сирдарё аз 2-юми март то 12-уми марти соли равон идома дода, ҷасади Сафияхон Раҳматова 10 — соларо аз канали ҷануби Мирзочул пайдо карданд.

 Дар мактуб ҳамчунин омадааст, ки “ҳоло ҷасад барои нигоҳдорӣ ва минбаъд ба наздиконаш супурдан ба сардхонаи Муассисаи тиббии ноҳияи Боёвуди вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон интиқол дода шудааст.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *