Ҷасади якеро аз ҷарӣ ва дуи дигарро аз хайма берун оварданд (аудио)
Дар куҳҳои Ромиту Варзоб 3 нафар бинобар риоя накардани талаботҳои бехатарӣ ҳангоми чидани чукрӣ ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, субҳи 17-уми апрели соли 2022, соати 05:25 аз шуъбаи милитсияи шаҳри Ваҳдат ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додаанд, ки ду сокини деҳаи Симиганҷ, ки яке 41 ва дуюмӣ 42 сол доштаанд, ҳанӯз рӯзи 12-уми апрел барои чукричинӣ ба куҳҳои атрофи Симиганҷ рафта, бо ҳамин бедарак шудаанд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ, ҷасадҳои ин ду сокини Симиганҷро дар болои куҳ дар даруни хаймаашон пайдо кардаанд. Бино ба фарзияи муқаддамотӣ, онҳо аз дуди оташе, ки шабона барои гарм кардани хаймаашон истифода мебурданд, ҷон бохтаанд.
Ҳодисаи нохуши дуюм дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рӯй додааст. Сокини 25-солаи ҷамоати Варзобқалъа барои чидани чукрӣ ба куҳ рафта, бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дараи Очуқ ба ҷарӣ сарозер шуда, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ин ҷавонро сокинони маҳаллӣ, ки ба ҷустуҷӯ баромада буданд, пайдо кардаанд. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо истифода аз таҷҳизоти куҳнавардӣ ба умқи дара фаромада, ҷасадро боло баровардаанд.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ