Ҷасадро баъди се моҳ аз даруни ҷангал ёфтанд (аудио)
Аз марги нобаҳангоми шодравон Шодиев Озодбахш ҳанӯз касеро хабар набуд. Аз нопадид шудани ӯ ҳарҷо ҳарфе мегуфтанд, вале …
Шодиев Озодбахш, муҳоҷири 22-солаи тоҷикро, ки се моҳ пеш гум шуда буд, баъди тамом шудани фасли зимистону об шудани барфҳо аз як ҷангал дар канори шаҳри Долгопруднийи вилояти Маскав пайдо кардаанд.
Пас за ёфтани ҷасад политися баъди ёфтани ҷасад ҳамдеҳагони ӯро, ки бо Озодбахш Шодиев дар Долгопрудний дар як ҳуҷра иҷора менишастанд, бозпурсӣ карда, ҷавоб додааст.
Баъди об шудани барфҳо, ба гуфтаи ҳамдеҳагонаш, як сокини сагбозӣ маҳаллии ҳангоми сайр додани сагаш ҷасадро дар ҷангал дида, ба полис хабар додаст. Мутаасифона ҷасадро аз наздикии ҳамонҷое ёфтаанд, ки Озодбахш рӯзи 13 декабри соли 2021 гум шуда буд.
“Эҳтимол меравад, ки ҷасадро баъдтар оварда, инҷо зери барф карда бошанд. Зеро се моҳ пеш бачаҳо инҷоро кофта буданд, ягон хел ҷасад пайдо накрда буданд”, — гуфт яке аз ҳамсуҳбатони Бомдод.
Ин мусбати гаронро чигна метавона таҳаммул кард.
Айни ҳол бародари Озодбахш Шодиев бо ҳамроҳии домодаш дар пайи таҳияи ҳуҷҷатҳо ва ба расмиёт даровардани онҳо мебошанд, то ҷанозаи марҳумро барои ба хок супоридан ба Панҷакент бифиристанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ