Ҷашни Истиқлол ва Хуҷастаи Мирзовалӣ дар ноҳияи Айнӣ
МИҲД-и ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз чорабинии идона бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии кишвар хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябр соати 9:00 Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони маркази ноҳияи Айнӣ бо иштироки ҳунарманди маҳбуб — ситораи эстрадаи тоҷик Хуҷастаи Мирзовалӣ таҷлил мегардад.
— Ҳамчунин, дар барномаи консертии бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ҳунарнамоӣ мекунанд,- афзуд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ