Ҷавҳарӣ ба ҷои Идигул Қосимзода депутат шуд

Муҷиба Ҷавҳарӣ тибқи рӯиихати ҷумҳуриявӣ  аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вакили Парлумони кишвар баргузида шуд. Ӯ ба ҷои Идигул Қосимзода, ки бар асари бемории коронавирус даргузашт, омадааст.

Имрӯз, 15-уми декабр  дар қатори дигар кадрҳои навтаъин Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ суҳбат дошт ва  барои фаъолияти минбаъдааш барор хост.   

Муҷиба Ҷавҳарӣ ҳоло 50 сол дошта, зодаи шаҳри  Исфара мебошад. Ӯ Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист хатм кардааст.

 Қаблан дар вазифаҳои директори мактаби №27-и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ,  сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара ва директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри  Исфара фаъолият дошт. То омадан ба мақоми вакили Парлумони кишвар  мудири бахши фарҳанги мақомоти шаҳри Исфара буд.  Муҷиба Ҷавҳарӣ номзади илмҳои филогия ва   муаллифи чандин китоб мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *