Ҷавоби сахти Ислом Махачев ба Майкл Чендлер

Яке аз варзишгарони маъруфи ташкилоти UFC Майкл Чендлер дар наворе пешгӯӣ кард, ки Ҷастин Гейҷи ба осонӣ Ислом Махачев, чемпиони кунунии UFC дар вазни сабукро шикаст медиҳад ва дар аввали соли оянда чемпион мешавад.

Чемпион Ислом Махачев дар саҳифаи “Твиттер”-аш ба ӯ ҷавоб дод.

Ислом пешгӯиҳои пешинаи Майкл Чендлерро, ки дар рақобатҳои ӯ ва Александр Волконовскию Чарлз Оливейра карда буд, «скриншот» карда, мондааст ва дар шарҳ навиштааст:

— Салом ба «хейтер»-ҳои содиқи ман!

Ёдовар мешавем, ки Майкл Чендлер доимо пеш аз муҳорибаҳои Ислом Махачев пешгӯӣ мекунад, ки ӯ мағлуб мегардад, вале пешгӯиҳояш нодуруст мебароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *