Ҷавони 23 солае зери девор монду ҷон дод
Охир ӯро куҷо гумое буд, ки мераваду рӯзе ҷисми беҷону сарду хунияшро андаруни қуттии чӯбине ба Ватан меоранду фиғони Модар ба осмон дакка мезанад. Ақрабо дар сугаш менишинанду арӯсаш болини сарду пурандӯҳеро оғӯш мегирад.
Оча, ҷон очаҷон! Барои бурдаи нон аз Ватан беватан мешавам. Хонаву даратро тарк мекунам то луқмаи ҳалолеро ёбаму ҳам туву ҳам хонаводаро хӯронам. Меравам ба дуриҳо, аммо дилам кашоли ту . Охир агар рӯзе маро даҳ бор набинӣ дар ҷоят қарор намегирӣ, пас аз ту дур гардам, чи гуна дар як ҷо ором мегирӣ. Ман меравам, паноҳат бар Худо модар! Фақат як дуои хайрам, деҳ то солиму саломат ба наздат боз гардам. Дар ҳама ҳолат дуои хайрам кун, зеро дуои ту мустаҷоб мешаваду балогардон аз ҳама балоҳо…
Ва аммо ин бор дуои модар канора монду девор болояш чаппагардон шуда ҷисми хастаҳолашро зер карду охирин нафашро аз ӯ даркашид. Зери хишту хоку лой ҷон он колбади зебои 23 соларо тарк гуфт. Ва кунун оё он модари муштипар тавони бардошти ин дарду доғро дошта бошад?
Охир ӯро куҷо гумое буд, ки мераваду рӯзе ҷисми беҷону сарду хунияшро андаруни қуттии чӯбине ба Ватан меоранду фиғони Модар ба осмон дакка мезанад. Ақрабо дар сугаш менишинанду арӯсаш болини сарду пурандӯҳеро оғӯш мегирад.
Ҳангоми кор дар шаҳри Челябински ФР як ҷавони тоҷик дар ҳудуди CLC Megapolis ба ҳалокат расид.
Ҳодиса нимаи шанбе, 25 сентябр рух додааст. Ҷавоне аз Тоҷикистон хиштҳои девори хиштиеро дар ошёнаи дуюми маҷмааи фароғатӣ аз ҳам ҷудо мекард. Ногаҳон девор канда шуда ба болои вай атод ва мардро зер кард.
Дар натиҷа муҳоҷири 23-сола бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст. Тафтиши далели марг аз ҷониби кумитаи тафтишот бо ҷалби мақомоти танзимкунанда гузаронида мешавад. .. Ҳар сол бо сабабҳои гуногун дар Русия беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик мемиранд. Ҳолати фавқулодда дар ҷои кор сабаби марги аксари зодагони Тоҷикистон дар Русия боқӣ мемонад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ