Ҷавони 24 солаи тоҷик, донандаи 5 забон дар Амрико даргузашт
Ба чеҳраи моломол аз табассуми ӯ нигариста бовари кас намеояд, ки чунин ҷавони ситорагарму дидадаро имрӯз байни ёру дӯстонаш нест. Дигар ӯ бо намудор шудани худ дар дидаҳо нуру сафо намеорад. Дигар бо садом марғуладораш фазои хонаҳои ёру дӯсту падару мораро пур намекунад. Дигар бора ҳам дар гулгаштҳои Манхэттен бо сечархаи худ намегардаду пайи сомони кори мондааш шитоб намекунад… Аммо то чанде дидаҳо ба дар дӯхта мешаванд, то ворид шудани чеҳраи ошноро аз дари хонадонашон бубинанд. Аммо ӯ дигар бора “ман омадам” намегӯяду дари ёру дӯстонашро бо муҳаббат боз намекунад. Дареғо, ки ҷавон рафту ҳайф шуд…Сад ҳайфу дареғи умри ҷавонаш!!!
1 08.21. Иброҳим Азизови 24 -солаи тоҷик дар шаҳри Ню-Йорк дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ фоҷиабор ба ҳалокат расид.
Дар ин бора рӯзноманигори тоҷики муқими Амрико, Талабшо Муқимов дар саҳифааш дар Instagram хабар додааст.
Ин ҳодисаи маргбор бино ба гузориш, субҳи рӯзи 31 июл соати 5 ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷа ҷавонписари тоҷик ки бо ҳазору анд орзу ба ин сарзамин пайи таҳсил рафта буд ҷони худро аз даст дод.
Дар яке аз кӯчаҳои Манхэттен сечархаи мусофирбари ҷавони тоҷик — бо мошини боркаш бархӯрдааст, дар натиҷа Иброҳим Азизов ҷавони 24 — солаи тоҷик ба ҳалокат расидааст.
Иброҳим — ҷавони ботарбияву босавод, хушрафтор ва донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ ва туркӣ будааст ва ҳамзамон ба варзиш шуғл доштааст, менигорад Талабшо Муқимов.
Доси аҷал гумон меравад, ки ҳамеша болои сари инсонҳои накуву хушбаёну нексиришт ба гардиш истодааст. Ҷавони саропо лутфу эҳсону садоқату муҳаббат, ҷаоне, ки ба оянда бо умеду орзу қадам мебардошту пайи дарёфти роҳу равиши худ буд, имрӯз бо ҳазорон умеди ҳанӯз нашкастааш ин дунёи пурмоҷароро падруд гуфт.
Ӯ аз кор ор надошт. Дар вақти фориғ аз дарс донишҷӯи тоҷик, бо сечархаи мусофирбари Рикша кор мекардааст. Аз даргузашти ин рафиқи мушфиқ ҳамкоронаш ҷигархун буда, аз даргоҳи Худованди мутаъол бо аҳли хонаводааш сабри ҷамил хоста, изҳори ҳамдардӣ мекунанд.
«Ҳама ронандагони ин ҷода, ки аз кишвархои гуногунанд аз ӯ имрӯз бо чашми гирён ёд мекунанд. Иброҳими ҷавонмарг акнун нақшаҳои худро нотамому орзуҳои Падару Модарашро бо худ бурд», — омадааст дар нома.
Ҳама бурданд орзу ба хок,
Хок дигар чӣ орзу дорад!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ