Ҷавони 32-сола бо “Камаз” марди 59-соларо пахш кард (аудио)
Як сокини ноҳияи Рӯдакӣ боиси марги пиёдагард дар кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе шудааст. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин ҳодиса 23-юми май, тақрибан соати 18:15 рух додааст.
Гуфта мешавад, ки ронандаи тамғаи “Камаз” Ғуломшоҳи Абдулаҳад, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳия Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Ҷаббор Расулов аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, дар роҳи пиёдагард як нафар марди 59-сола, сокини ноҳияи Айниро пахш намудааст. Дар натиҷа марди пиёдагард бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, номбурда сутуни чароғаки роҳнаморо низ пахш намуда, корношоям кардааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ