Ҷавони кордбадаст 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ шуд (аудио)

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Қурбонов Меҳроб Суҳробович, санаи таваллудаш 30.05.2002, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, деҳаи Меҳнатобод, ки бо корд мусаллаҳ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба гаштугузор машғул буд, дастгир гардида, аз ӯ як адад корд дарёфту мусодира карда шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шудааст.

Ёдовар мешавем, чандест аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Корд» бо мақсади мусодираи силоҳҳои сард гузаронида шуда истодааст, ки дар баробари фурӯшандагони предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, ҳамзамон нафароне, ки бо худ корд мегардонанд, боздошт мегарданд ва нисбаташон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *