Ҷавони тоҷик дар Русия 1 солу 10 моҳ ҳукм гирифт

Дар шаҳри Курски Русия барои зарари калоне, ки дар натиҷаи сӯхтор дар фурӯшгоҳи “Бумеранг“ расонда шуд, ҷавони тоҷик ба 1 солу 10 моҳи корҳои ислоҳӣ маҳкум шуд.

Бар асари сӯхтори рӯзи 2 сентябри соли 2022 дар ин фурӯшгоҳ як нафар ба ҳалокат расида, 12 нафари дигар зарар дидаанд. Файзуллоев барои яке аз тарафи ҷабрдидагон  як миллиону 887 ҳазор рубл, ё наздики 19 ҳазор доллар супорид, ки то ҳанӯз 11 ҷабрдидаи дигар талаби товон накарданд.

Бино ба фарзияи тафтишоту додгоҳ, субҳи 2 сентябри соли 2022 Файзуллоеви 27 -сола ба ҷои кораш дар мағозаи “Омега-Планет“, воқеъ дар қабати сеюми фурӯшгоҳи “Бумеранг“ омада, дарзмоли бухорӣ (отпариватель) -ро ба барқ пайваст карда, як куртаро дарзмол кардааст. Вале баъд ӯ аз хатти барқ берун кашидани сими дарзмолро фаромӯш карда, берун рафтааст. Дар натиҷаи ин беэҳтиётӣ дарзмол оташ гирифта, баъди чанде дохили мағоза ва сипас мағозаҳои атрофро фаро гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *