Ҷавони тоҷик гум шудааст. Барои ёфтанаш кумак расонед! (аудио)
Ҳайдарзода Маҳмудҷони Мирзомурод, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат аз санаи 6-уми феврали соли 2022 аз хона баромада, то ҳол барнагаштааст.
Наздикони ҷавон ва мақомот инак чанд ҳафта боз Маҳмудҷонро ҷустуҷӯ доранд, вале то ҳол бенатиҷа.
Аз ин рӯ, аз тамоми мардум даъват мекунем, ки дар ҷустуҷӯи ин ҷавон кумаки худро дареғ надоранд.
Агар тасодуфан Маҳмудҷонро дар ягон ҷо дида бошед ва ё дар куҷо буданашро донед, лутфан ба рақами телефони модараш занг занед.
Рақам барои тамос: +992 901 33 11 48
Биёед, якҷоя ин ҷавонро пайдо кунем ва модари чашмбароҳи Маҳмудҷонро ба дидори фарзанди гумшудааш бирасонем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ