Ҷавони тоҷик кӯдаки русро наҷот дода худаш ҳалок гардид

Ҳоҷимурод Қаландаров як ҷавони 18-солаи тоҷиқ ҳангоми наҷоти ҷони кӯдаке, ки дар дарё ғарқ мешуд, ҷон бохт. Дар ин бора «bash.news» хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки мавсуф рӯзи 7 июн ҳамроҳи дӯстонаш барои истироҳат ба соҳили дарёи Белая рафтааст. Ҳангоми истироҳати зодагони Тоҷикистон Ҳоҷимурод мебинад, ки кӯдаке ғарқ шуда истодааст ва худро ба об андохт, кӯдакро наҷот медиҳад. Ҳоҷимурод кӯдакро ба соҳил тела дода, аз марг мераҳонад, вале гирдоб худи ӯро ба комаш фурӯ кашид. Наҷотбахшон ҷасади ҷавони тоҷикро фақат баъди чанд соат пайдо карданд.

Қарор аст, ҷасади Ҳоҷимурод Қаландаровро рӯзҳои наздик бо парвози махсус ба Тоҷикистон фиристода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *