Ҷавонон бозиҳои санҷишӣ баргузор карданд
Ҷамъомади тамринӣ-таълимии дуҳафтаинаи дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар Туркия ба охир расид, ки шогирдони Мубин Эргашев дар доираи ҷамъомад се бозии санҷишӣ анҷом доданд.
Дар вохўрии ниҳоии санҷишӣ дар Анталия футболбозони ҷавони мо бо ҳамсолони худ аз Кувайт бозӣ карданд. Ин рақобат бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Голро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Шоҳрух Сангов зад. Қаблан дар Туркия дастаи олимпии мо бо ҳамсолони худ аз Того (0:1) ва Урдун (0:0) вохўрда буд.
Барои дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия марҳилаи омодагӣ ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ба ҳисоб меравад, ки аз 1 то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад. Рақибони дастаи мо дар гуруҳи «D» тимҳои Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ