Ҷавонони тоҷик дар Туркия чор бозии санҷишӣ мегузаронанд

Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон аз 10-уми феврал дар ҷамъомади омӯзишиву тамринӣ дар кишвари Туркия қарор дорад, ки бояд чор вохӯрии санҷишӣ баргузор кунад.

Ҷавонони тоҷик дар ҳайати 24 бозигар бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба машқу тамрин машғуланд. Ниммуҳофизатгари дастаи «Краснодар» Алиҷони Айнӣ дар ҳайати дастаи худаш тамрин, аммо дар бозиҳои санҷишӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад.

Бозии якуми санҷишӣ бо дастаи футболбозони 20-солаи «Ворслка» аз Украина баргузор шуд, ки бо натиҷаи 0:0 ба охир расид.

Шогирдони Аҳлиддин Турдиев боз се бозии дигари санҷишӣ баргузор мекунанд, ки яке бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Македонияи Шимолӣ буд.

Рӯзи 19-уми феврал дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳайати 20-солаҳои дастаи «Крилйя Советов» (Русия) ва рӯзи 22-юми феврал бо дастаи мунтахаби ҷавонони Туркия (U-20) бозии санҷишӣ мегузаронад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *