Ҷавонони Тоҷикистон дар «гуруҳи марг» қарор гирифтанд

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар як гуруҳ бо азимдастаҳои Осиё қарор гирифт.

Дар натиҷаи қуръакашӣ дар марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19-уми июн дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, 16 даста ба 4 гуруҳи иборат аз чордастаӣ ҷудо шуданд. Дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон дар гуруҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-солаи Арабистони Саудӣ, Аморати Араб ва Ҷопон бозӣ мекунад.

Аз ҳар гуруҳ ду даста мусобиқаро барои ба даст овардани медалҳо идома медиҳанд. Агар дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба чорякфинал роҳхат гирад, бо яке аз дастаҳои гуруҳи «С» — Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам ё Малайзия вомехӯрад.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2022 (U-23):

Гуруҳи «А»: Ӯзбекистон, Эрон, Қатар, Туркманистон.

Гуруҳи «В»: Австралия, Урдун, Ироқ, Кувайт.

Гуруҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Ветнам, Малайзия.

Гуруҳи «D»: Арабистони Саудӣ, АМА, Ҷопон, Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *