Ҷавонзанро барои муноқиша бо ронандаву дағалгуфторӣ ҷарима карданд (аудио)
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавонзани дағалгуфтор хабар медиҳад, ки дар баробари пардохт накардани ҳаққи роҳкиро боз бо ронанда дастбагиребон шудааст.
Ёдовар мешавем, 12-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва дашному ҳақорати як нафар ҷавонзан бо ронандаи автомашинаи сабукрави мусофирбар инъикос ёфтааст. Алфози қабеҳ ва дашному ҳақоратҳои ҷавондухтар мавриди вокунишҳои манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷавондухтари дар навор инъикосёфта шаҳрванд Набиева Дилноза Азизовна, санаи таваллудаш 26.12.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Гипрозем мебошад. Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса ошкор карда шудааст, ки Набиева Дилноза аз хизматрасонии автомашинаи мусофирбар истифода намуда, дар баробари пардохт накардани маблағи роҳкиро бо ронандаи автомашина муноқиша кардаву даст ба гиребон шуда, бо алфози қабеҳ дашном низ додаст, ки ин ҳолат дар навори нашргардида низ бараъло мушоҳида мегардад.
Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсия нисбати Набиева Дилноза тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шудааст.
Суд дар навбати худ нисбати номбурда бинобар сабаби дар тарбияи худ доштани кӯдаки хурдсол (7-моҳа) ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 4 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ