Ҷазо барои дарсгурезӣ

Тибқи тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд, аз ин ба баъд дар Тоҷикистон волидайни муҳассилине, ки бесабаб зиёда аз 50 соат дар дарсҳо ширкат намекунанд, то 864 сомонӣ ҷарима мешаванд. 

Дар қисми 1-и моддаи 90-и кодекси мазкур зикр мешавад, ки “барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 50 соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, ба андозаи аз 10 то 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад”.

Ҳоло 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ баробар аст ва тибқи ин муқаррарот акнун волидони “хонандагони дарсгурез” аз 720 то 864 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Агар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран ҳолати дарсгурезӣ ба қайд гирифта шавад, аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима таъйин мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *