Ҷазо барои фолбинҳо сахттар шуд

Дар Тоҷикистон барои соҳирӣ, ҷодугарӣ ва фолбинӣ ҷазо сахттар шуд. Ҳамакнун, барои ин кирдор то 144 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то 2 соли зиндон пешбинӣ гардид. Дар ин робита ба Кодекси ҷиноятӣ тағйирот ворид шуд.

Мувофиқи моддаи 240, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятӣ такроран машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ акнун ҷиноят ҳисобида мешавад.

“Барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, бо ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо дода мешавад”,- омадааст дар тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ.

Бар асоси нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 (1 нишондиҳан ба 72 сомонӣ баробар аст) акнун соҳирону ҷодугарон барои такрори ин амал аз 108 ҳазор то 144 ҳазор сомонӣ ҷарима карда мешаванд.

Қаблан барои машғул шудан ба ҷодугариву фолбинӣ танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ гардида буд ва аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 2 ҳазору 880 то 3 ҳазору 600 сомонӣ) ҷарима таъйин мегардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *