Ҷазо барои кашидани тамоку дар ҷойҳои манъшуда сахттар шуд
Минбаъд барои кашидани тамоку дар ҷойҳои манъшуда, шахси тамокукаш аз 216 то 360 сомонӣ ҷарима месупорад. Ин тағйирот ба қонун ахиран аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон қабул шудааст,
То ин замон барои чунин амал аз 72 то 144 сомонӣ ҷарима таъин шуда буд.
Ҳамчунин, дар асоси тағйироти нав ба қонун, барои фурӯши маҳсулоти тамоку бо истифодаи воситаҳои худкор (аппарат) ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд, ҷазо муқаррар шудааст. Дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, шахсони алоҳида барои ин амал то 504 сомонӣ ва соҳибкорон то 7200 сомонӣ ҷарима месупоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон кашидани тамоку дар бинои беморхонаҳо, мактаб, идораҳо, даромадгоҳи бинои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст. Тарғиби тамоку, истеъмоли он дар ресторанҳо, дар назди шифохонаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ низ манъ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ