Пешниҳоди ҷазои ҷиноятӣ барои напардохтани пули барқ

Дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 27 март баргузор шуд, таъкид шудааст, ки барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва насупоридани маблағи истифодаи он ҷазои ҷиноятӣ муайян карда шавад.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст.

Ба иттилои манбаъ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа “аз истифодаи ғайрисамараноки неруи барқ ва талафоти аз меъёр зиёди он дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 изҳори нигаронӣ карда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии мавҷуда ва пешгирии чунин ҳолатҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд”.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми апрели соли 2025 тарифҳои истифодаи неруи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истифодабарандагони он боло меравад. Дар асоси қарори Ҳукумати мамлакат аҳолӣ барои ҳар 1 киловат соат неруи барқ 35,36 дирам месупоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image