Ҷазои раҳмонӣ ба рафтори шайтонӣ. Айб дар қозӣ ё дар қонун?
Суди ноҳияи Рӯдакӣ ҷавони 18-соларо барои анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқонааш нисбати писари ноболиғ ба 160 соат корҳои ислоҳӣ маҳкум намудааст. Ҳукм бар асоси моддаи 142-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсола нарасида ё хеши наздик» содир шудааст.
Суди шаҳри Ҳисор, як ҷавони гумонбар ба таҷовуз ба номуси духтари 13 — соларо, ки ҳафт моҳ пеш тифл ба дунё овард, мавриди афв қарор дод…
Барои ман чун як инсони солдида ва гӯё “аз обу оташ гузашта” шунидани хабари он, ки кӯдакеро таҷовуз кунию афв шавӣ ва ё писараки хурдсолеро, мисли он ки ӯ зан бошад, истифода барию суд ӯро ҳамагӣ чанд соат ба кӯчарӯбӣ маҷбур кунад, хеле дардовар аст.
Чун насли мо давронеро дидааст, ки барои чунин ҷиноят ҳатто ҳукми қатл медоданд ва ин гуна ҷазо дар бисёр кишварҳо ҳоло ҳам амал мекунад. Мардуми мо масале дорад: “Сӯзанро аввал ба худат зан, дард накунад, баъд ба дигарон зан”. Инро ба онҳое ёдрас кардан лозим аст, ки чунин ҳукмҳои берун аз мантиқ мебароранд. “Ҳамааш дар чаҳорчӯбаи қонун аст”, гуфтаанд, дар Суди ноҳияи Ҳисор, вақте ки марди таҷовузкор, ки бо духтараки 12 — сола робита карда, ӯро ҳомиладор намудаасту афв шудааст ва акнун ба ин парванда муҳри “махфӣ” заданду бо ҳамин даҳони ҳамаро бастанд.. “Дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки он чо писаракеро таҷовуз карда буданд, судя аз ҷавоб ба саволи хабарнигорон барои ҳукми “одилонааш” “ба семинар” мераваду муфаттиши парванда гӯё хабарнигор ҳаққи шунидани шарҳи ӯро надошта бошад, гӯширо намебардорад. Агар ҳамааш “дар доираи қонун бошад” бояд чунин “қонуни ҷангалро” дигар кард. Ё онҳоеро бояд дигар кард, ки дарди ҷомеа ва мардумро намефаҳманду аз пеши худ чӣ хеле хоҳанд, ҳамон тавр бо такя ба “ қонунҳои худ” ҳукм мебароранд.
Роҳбари давлат, вақте ки мардуми салоҳиятқабулкунандаро ба ҳузур мепазиранд, ҳамеша ва қабл аз ҳама ба онҳое, ки қонунро дар ҷомеа истифода мебаранд, таъкид мекунанд: “Бо дасту дили соф кор кунед” Аммо на ҳама аз руи ин насиҳати падарона амал мекунанд. Аламовараш он аст,ки дар ҳар ду ҳолати ҷинояти таҷовуз ба номус ва ҳолати сеюме,ки ин шабу рӯз ошкор гардид, яъне, таҷовузи навбатӣ дар як хобгоҳи шаҳри Душанбе сурат гирифт, онро ба ҷои “таҷовузи ноболиғ” чун “муносибати маҳрамона бо шахси ноболиғ” банду баст кардаанд. Мисли он ки ришвахӯрро ба ҷои гирифтани ришва ,ки ҳукмаш тӯлонӣ аст, дар чаҳорчӯбаи “қаллобӣ” ҷой медиҳанд ва бо ҳамин порахӯр танҳо бо ҷарима озод мешавад. Воқеан, агар хато дар қонуни мо аст, онро бояд ислоҳ намуд, зеро ҳоло қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа –тифлон зери хатар қарор доранд.
Магар дар давоми 6 моҳ мавриди таҷовуз қарор гирифтани 16 ноболиғ (се ҳодисаи моҳи охир рухдода ба ин ҳисоб дохил намешаванд) барои бонги хатар задан асос нест? Агар айб на дар қозӣ, балки дар қонун бошад, пас чӣ бояд кард? Дар ин маврид нуқтаи назари директори Ширкати ҳуқуқшиносии «Ҳимоя» Навруз Одинаев чунин аст : “Аз соли 2012 инҷониб дар Федератсияи Россия меъёри баҳодиҳӣ ба чунин ҷиноятҳо иваз карда шудааст ва ҳама гуна алоқаи ҷинсӣ бо шахси то 12-сола дар он ҷо таҷовуз ба ҳисоб меравад. Инчунин, ба мо лозим аст, ки ба ин қонун тағйироти мувофиқ ворид кунем, зеро шахси то 12-сола «аз сабаби синну солаш дар ҳолати нотавонӣ аст, яъне наметавонад моҳият ва маънои амалҳои бо ӯ иҷрошударо дарк кунад.» Инчунин, ба моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намудан зарур аст ва масъулиятро барои алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки синнаш ба 12 расидаасту аммо ҳоло 14 — сола нашудааст, пурзӯр кардан лозим . То он даме ки меъёрҳои ҳозира мавҷуданд, шахсоне, ки бо шахси то 16-сола (новобаста аз он ки ӯ 15 ё 9 аст) алоқаи ҷинсӣ мекунанд (бо розигӣ) ҷазои тақрибан баробар мегиранд”. Қонун қонун аст ва судя гӯё чун шахси аз номи қонунамалкунанда ба он баҳои ҳуқуқӣ медиҳад. Вале дар чунин мавридҳо баҳои инсонию мусулмонӣ чӣ мешавад? Агар фарз кардем, чунин рафтори ҳайвонӣ (аз ҳайвонҳо барои ин суханон узр мехоҳам, онҳо аз инсонҳои таҷовузкор “инсонтаранд” ва нисбати ҳамҷинсони ноболиғи худ чунин рафтор намекунанд) нисбати наздикони онҳо сурат гирад, ба чӣ аҳвол меафтанд? Лекин ёдовар мешавем, ки дар баъзе ҳолатҳо худи ҷабрдидагон ҳам ғайриихтиёр бо таҷовузкор ҳамкор мешаванд. Ман дар назар дорам падари писаракеро,ки дар ноҳияи Рӯдакӣ хешаш таҷовуз кард. Он ба ном падар, ба ҷои он ки кӯдаки дилшикастаашро дастгирӣ кунад, хост бо пинҳон доштани ҷиноят роҳи таҷовузкорро ҳам кушодтар кунад ва ин гӯё ба хотири нигоҳ доштани “номус” будааст. Магар ба хотири он номусе, ки бо ин рафтори худ ӯ баръакс доғдортар кард, аз баҳри зану фарзандон мегузаранд? Аксар вақт чунин ҷинояткорон низ такя ба ҳамин “номусдории” ҷабрдидагон мекунанд ва гумон доранд,ки бо ҳамин роҳ метавонанд ҷинояти худро пинҳон доранд ва ба ин муваффақ ҳам мешаванд. Аксари таҷовузкорон дар вақти пурсиш мегӯянд: “Шайтон аз роҳ баровард…” Ин ҷо латифае ба ёди кас меояд, ки рӯзе шайтон аз биёбон гузар мекард ва дид,ки марде болои нардбон баромада, уштуреро таҷовуз мекунад. Баъд аз тамом кардани кори худ он инсон ба атроф нигоҳ карду ба Худо муроҷиат карда гуфт: “Лаънатӣ, шайтон аз роҳ баровард”. Шайтон худро ба симои одамӣ дароварду гуфт:”Валлоҳ,ки ман шайтонаму лекин дар ҳазор сол ҳам ақлам ба чунин кор намерасад…”
Таҷовузкорон ва махсусан онҳое, ки нисбати хурдсолон бадрафторӣ мекунанд, аз шайтон бадтаранд ва ба онҳо бояд ҷазои раҳмонӣ дод, ки ба дигар шайтонҳо дарси ибрат шавад…
А.АҲМАДЗОДА,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ