Ҷефф Монсон: Барои Ҳабиб мушкил ҳам бошад, ғолиб меояд
Размовари маъруфи риштаи муҳорибаҳои омехта Ҷефф Монсон доир ба рақобати Ҳабиб Нурмагомедов ва Ҷастин Гэтжи, ки санаи 24-уми октябр дар АМА баргузор мешавад фикри хешро баён кард. Дар ин бора хабар медиҳад сомонаи varzishtv.tj.
«Ин бузургтарин мубориза дар соли равон аст. Хусусан барои ҳабиб ин рақобати махсус аст, чаро ки ӯ қаблан падар ва мураббиашро аз даст дод. Хабар аст, ки русиягӣ баъд аз ду рақобат ба корномаи варзишиаш хотима мебахшад, аз ҳами лиҳоз ӯ мағлуб нахоҳад шуд.
Ин рақобат барои Ҳабиб мушкил хоҳад шуд, чаро ки Гэтжи хеле хашмгин аст. Ҳабиб мекушад, то рақибро дар партер мағлуб созад, аммо Гэтжи барин рақибонро шикаст додан кори осон нахоҳад буд. Аммо ба ҳар роҳе набошад, Ҳабиб дар ин вохӯрӣ пирӯз мешавад. Фикр дорам, ки рақобат 5 раунд идома мекунад ва дар натиҷаи Ҳабиб пирӯз мешавад. Пирӯзӣ бо қарори доварон ё бо нокаути Ҳабиб поён меёбад», — гуфт Монсон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ