Лукашенко танҳо то 5 ноябр президент боқӣ мемонад?

Президенти Беларус Александр Лукашенко баъд аз 5 ноябр набояд сарвари расмии давлат ҳисобида шавад. Дар ин бора вакил аз Литва Петрас Ауштревичюс дар парлумони Аврупо иброз доштааст.

5 ноябр расман мӯҳлати панҷуми президентии Лукашенко ба поён мерасад.

Ин санад инчунин бояд барои эътирофи шӯрои ҳамоҳангсозии мухолифони Беларус ҳамчун «намояндаи муваққати мардум» асос гардад ва барои баргузории баргузории интихоботи нав замина шавад, гуфтааст ин депутат.

Қаблан парлумони Аврупо аз ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи Лукашенко пуштибонӣ карда буд.

Вазорати корҳои хориҷии Беларус изҳор намуд, ки аз амалкарди Парлумони Аврупо изҳори норзигӣ карда, қабули қатъномаро дар ин маврид дахолат ба корҳои дохилии давлат номид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *