ҶИЧ-ҳо ба кӣ итоат мекунанд? Аз андоз қарздору ба кисаи раис “доля” меандозад

Муассисаи «Рушди чорводорӣ дар Хатлон» дар бистсолаи охир иқдоми неке кард. Дар деҳот ҷамъиятҳои истифодабарандагон чарогоҳҳо (ҶИЧ) таъсис доду онҳоро бо техникаҳои гуногуни кишоварзӣ таъмин сохт.

Лекин як кори муҳимро накард: онҳо бояд ба кӣ итоат кунанд, ба кӣ ҳисобот диҳанд, сари ҳар чанд вақт оиди фаъолиятҳояш назди аъзо (мардуми чорводор) ҳисобот диҳанд ё не. Маҳз ин гуна бархӯрд раисону муҳоссибони ин ҷамъиятро  дастнорас, мағрур, худписанд гардонид. Масалан, дар ноҳияи Муъминобод 40 адад чунин ҷамъиятҳо амал мекунанд, ки танҳо ба нозироти андоз, омор ҳисобот месупоранду халос. Дигар ҷамоату идораҳои кишоварзӣ, маънавиёт, мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ ҳуқуқи ба фаъолияти онҳо шинос шудану пурсидану ахборотгирӣ надоранд. Ҳатто панҷ нафар раисони чунин ҷамоатҳо аз ҷамоати деҳоти Деҳбаланд ба пурсишҳои мо 2 моҳ шуд, ки то ҳол посух надодаанд. Ҳоло намедонем, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ба нописандии онҳо нисбати матбуот, муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ гуна чораҳо хоҳанд андешид.

Танҳо ҳаминаш ба мо равшан гашт, ки дар ҷамоати деҳоти ба номи Н. Назаров аз 8 ҷамъиятҳои чарогоҳ истифодабарандагон дар давоми 5 соли мавҷудияташон ба деҳқонон ақаллан ба қадри 2-3 ҳазор сомонӣ хизмат нарасонидаанд. Боварии кӣ меояд: беш аз 50 номгуӣ тракторҳои пуриқтидор, ядак (телечкаҳо), сихмолаю плугҳо, мотоблокҳо (агрегатҳои алафдаравию нармкунӣ), механизмҳои хоку сангборкунӣ  дар соли 2019 гўё коре накарда бошанд. Дар ҳуҷҷатҳои ҳисоботии муҳосибон ин гуна маблағҳои даромад қайде надоранд. Медонед, аз ин гуна амал шахсан банда чӣ бардоште гирифтам? Мумкин трактору агрегатҳо ҳазорҳо сомонӣ кор кунанду аз ин маблағҳо ба кисаи раиси ҷамъият 200-300 сомонӣ «доля» ғеладу боқимондаашро механизаторон нӯши ҷон намоянд. Ба ин маро суҳбатҳои бо деҳқонон намудаамон мутмаин сохт.

Бештари ҶИЧ – ҳо аз андоз қарздорӣ доранд.  Он кам ҳам не 38 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва дар идомаи ду моҳи пеше, ки оиди ин масъала бо масъулини Нозироти андози ноҳияи Муъминобод суҳбат доштем, камтар аз 5 ҳазор сомонӣ ғун карданду халос.

Дигар чизи манфие, ки ин ҷамъиятҳо аз дастнорасии хеш гувоҳӣ медиҳанд, ин ба хости худ тақсим кардани маводҳои тухмӣ (тухмиҳои юнучқа, қатраборон), доруҳои минералӣ мебошанд. Ин маводҳоро ба хешу табор, ёру дӯстони хеш дода, ба лаб кулӯх молида гаштаанд.Ҳатто техникаҳоро ба додару хешовандон додаанд. Чунин густохиҳоро дигар кӣ ҳам карда метавонад? Охир онҳо дастнорасанд-ку!

Мебоист ин ҷамъиятҳо аз саҳмдоронашон моҳе ба сари ҳар чорвои майдаю калон аз 2 то 5 сомонӣ ё ин ки ҳамчун аъзоҳаққӣ 2 ё 3 сомонӣ маблағ гиранд. Мутаассифона, дар асл чунин нест ва дар фикраш низ нестанд. Ҳатто аз соли нав се моҳ гузашта бошад ҳам, ягонтои ин ҶИЧ оиди як соли сипаришудаи корҳои кардаю нокардаашон назди аҳолӣ ҳисобот надодаанд.

Агар ин ҷамъиятҳо додари ӯгаи дигарон бошанд, шояд волидони онҳо — «Рушди чорводорӣ дар вилояти Хатлони то худи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба корҳои анҷому беанҷоми онҳо нуқта гузоранд».

Нурулло  Ҳасанов,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *