Ҷеенбековро ба ҳабс гирифтанд

Бародари президенти собиқи Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков аз ҷониби КДАМ боздошт шудааст. Бино ба гузориши хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Ҷеенбеков ҳоло ба муддати ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст.
Раиси пешини парлумони Қирғизистон дар робита ба парвандаи фасодкорӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаи «Кумтор» боздошт шудааст.
«Пас аз гузаронидани як қатор амалҳои тафтишотӣ бо гумони содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 319 қисми 2 (коррупсия) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Қирғизистон, огоҳинома дар бораи гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур ба Асилбек Ҷеенбеков ва Торобай Зулпукаров вакилони Жогорку Кенеш супорида шуд (парлумон, — таҳрир)», — гуфтааст манбаъ.
Тибқи гузоришҳо, худи ҳамон рӯз Суди ноҳияи Первомайи Бишкек дархости тафтишотро баррасӣ кард ва нисбати Ҷеенбеков ва Зулпукаров чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс барои ду моҳ таъин кардааст.
Асилбек Ҷеенбеков бародари президенти пешин Сооронбой Ҷеенбеков мебошад, ки дар натиҷаи тазоҳуроти моҳи октябри соли 2020 истеъфо дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *