Ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ: Оё маҳсулот арзон мешавад?

Дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхии вилояти Хатлон ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ аз ҷумла пиёз оғоз гардид. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Бино ба иттило манбаъ ба ғундоштани  ҳосил аввалин шуда хоҷагии деҳқонии «Раъно» шурӯъ кард. Тавре роҳбари хоҷагии деҳқонии мазкур Қурбоналӣ Мусоев иттилоъ дод, онҳо дар масоҳати 2 гектар пиёзи навъи «Алдава» шинонидаанд.

«Имсол мо нақша дорем, ки 70 тонна пиёз ҷамъоварӣ намоем. Барои сари вақт ғундоштани  ҳосили пиёз 150 нафар сокинони маҳаллиро ба  кор ҷалб намудаем, ки онҳо бо шароити хуби кор ва  маош таъмин гардидаанд. Ҳамарӯза, ҳар нафаре, ки ба ҷамъоварии пиёз машғул мебошад, ҳаққи корашро  ба маблағи  50 сомонӣ ва 5 кило пиёз мегирад. Масоҳати умумии заминҳои  хоҷагии мо 4 гектарро ташкил медиҳад, ки дар 2 гектар пиёз, 1 гектар ғалла ва 1 гектари дигари он  зироат шинонидаем»,- афзуд  Қурбоналӣ Мусоев.

 «Баъди ҷамъоварии пиёз мо дар ин заминҳо ҷуворимакка мешинонем»,- илова кард номбурда.

Тибқи иттилои шуъбаи кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, дар ноҳия дар масоҳати 318 гектар пиёз шинонида шудааст.

Кишоварзони ноҳия ба ҷамъоварии ҳосил 20 апрел оғоз намуда, то имрӯз 15 тонна  пиёз ғундошта, ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *