Муллои “Ҷинбарор” аз озодӣ маҳрум шуд
Прокуратураи генералии Тоҷикистон оид ба ҳукми Сочаев Ҷурабой Нарзуқулович, сокини шаҳри Ҳисор, ки худро муллои ҷинбарор муаррифӣ намуда, аз шаҳрвандони зудбовар бар ивази маҳсу дуохонӣ, баровардани сеҳру ҷоду маблағҳои калон мегирифт, иттилоъ дод.
Ин муллои ҷодугар аввалҳои моҳи октябри соли 2019 ба боварии шаҳрванд «А» даромада, барои дур намудани сеҳру ҷоду, аз ӯ 3000 сомонӣ пули табобат талаб намуд.
Давоми чаҳор моҳ ҳафтае як ё ду маротиба ӯро ба манзили истиқоматии худ хонда, бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии ӯ нисбати номбурда ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом медод.
“Ҷинбарор” бо ин роҳ шаҳрванд «А”-ро ба гумроҳӣ андохта, барои маҳси бадан ва табобат аз маблағи қаблан муқаррарнамуда, танҳо 1600 сомонӣ гирифт.
Гузашта аз ин, зимни тафтиши пешакӣ 5 лаҳзаи содир гардидани чунин ҷиноятҳо аз ҷониби Сочаев муайян ва ошкор карда шуд. Сочаев аз охирҳои моҳи январ то феврали соли ҷорӣ, амалҳои зишти худро нисбати 5 нафар шаҳрвандон анҷом дода,бо ин кирдорҳои худ ҷиноятҳои дар моддаҳои 1421 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор нисбати Сочаев ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ таъйин карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ