Ҷинояти мудҳиш дар Рӯдакӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 37 -солаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки дар таҷовуз ва қатли духтарчаи 11- сола

Бино ба иттиллои дафтари матбуотии ин ниҳод, муттаҳам сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд.

Ба иттиллои манбаъ, номбурда, санаи 25-уми августи соли 2020, тахминан соати 12:30-дақиқа, духтарбачаи 11-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, муваққатан истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакиро бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, ӯро ба истгоҳи гардиши роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гулистон бурда, барои қонеъ кардани нафси шаҳвониаш дар зери истгоҳ бо истифодаи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз кардааст.Ҷинояткор баъдан барои пинҳон кардани ҷинояти содир кардааш номбурдаро ба қатл расонидааст.

Нисбати гумонбаршауда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *