Ҷоҳталабии Амрико боло мегирад, вагарна талафоти Русия он қадар нест…
Антонов: Департаменти давлатии Амрико қасдан талафоти Россияро зиёд нишон медиҳад.
Департаменти давлатии ИМА барқасдона талафоти артиши русро дар ҷанг бо Украина зиёд нишон дода, мехоҳад ҷомеаро ноором созад. Сафири Русия Анатолий Антонов дар ин бора аз Амрико хабар дод. Вай меафзояд, ки «барои ахбори муътамад гирифтан дар бораи рафти амалиёти махсус дар Украина ба вазири дифои Русия Сергей Шойгу муроҷиат кунед».
Нуланд, муовини котиби давлатии Амрико қаблан гуфта буд, ки талафоти сарбозони рус ба 10 000 нафар мерасад.
«Намояндаи Департаменти давлатӣ дидаю дониста талафотро зиёду бардурӯғ нишон додааст, ки сатҳи норозигии мардуми Русияро афзояд. Аммо ин муяссарашон намегардад»,- гуфт Антонов.
— Қарори ҳукумати Русия дар мавриди гузаронидани амалиёти махсус аз ҷониби мардуми рус ба таври васеъ дастгирӣ ёфт,- қайд намуд сафир. «Шаҳрвандон дарк мекунанд, ки гап сари манфиатҳои миллии Русия меравад»,- меафзояд сиёсатмадор.
Аммо дар ин раванд Украина ба ҷанг тайёрӣ мебинад
Барои ба эътидол овардани вазъ дар Украина роҳбарони он ба кишварҳои абарқудрати ҷаҳон муроҷиат бурдаанд, ки ба ин кишвар кумакҳои ҳарбии худро дареғ надоранд. Ба ҳамин монанд, Украина аз ИМА тайёраҳои ҷангии Русияро талаб кард. Украина аз ИМА ба ҳайси кумак тайёраҳои ҷангии қиркунандаи Русия Су-25 пурсид.
«Дар рӯйхати кумакҳо инчунин тайёраҳои ҷангии қиркунандаи Су-25 пурсидааст»,- хабар медиҳад CNN.
Ба ҷуз ин, Украина аз мамолики Ғарб дронҳои зарбазан, артилерия, мушакҳо, ПТУР ва мушакҳои зиддикиштӣ пурсидааст.
Елена ПРОШИНА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ