Ҷо Байден аз роҳабарияти Чин ноумед шуд

Си Ҷинпин дар суҳбат бо Байден аз мавзеъгирии ИМА дар бораи Украина интиқод кард.

Рӯзномаи Politico менависад, ки зимни як гуфтугӯи телефонии раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин ва раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ихтилофи назар дар мавриди амалиёти вижаи Русия дар Украина ошкор шудааст.

Музокироти ду раҳбар рӯзи 18-уми март сурат гирифт. Тавре Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии ИМА қайд кард, Ҷо Байден қасд дошт ба раҳбарияти Чин дар бораи чораҳои Вашингтон эълон кунад, агар Пекин аз иқдомоти Маскав дар Украина пуштибонӣ кунад.

Ҷо Байден

Қайд карда мешавад, ки ба сардори Қасри Сафед муяссар нашуд, ки раиси Республикаи Халқии Чинро бовар кунонад, ки уҳдадории таъсиррасониро ба бас кардани амалиёти махсус ба зимма гирад.

Ба навиштаи нашрия, ин суҳбат Си Ҷинпинро водор кардааст, ки аз нақши Вашингтон дар авҷ гирифтани буҳрон дар Украина интиқод кунад. Як эъломияи Вазорати хориҷаи Чин чанд соат қабл аз гуфтугӯи Си Ҷинпин бо Байден ба он ишора кард, ки ҳама гуна тасмими Чин дар бораи буҳрони Украина ба эҳтимоли зиёд ба интизориҳои ИМА мувофиқат намекунад.

Ба навиштаи нашрия, Пекин равобит бо Русияро таҳким бахшида, ба талошҳои Амрико барои қатъи амалиёти вижа мухолифат мекунад. Қайд карда мешавад, ки суҳбати гузашта сиёсати маъмурияти ШМА-ро нисбат ба Чин фақат пурзӯр намуд. Қаблан радиои Sputnik аз изҳороти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар робита ба ҳамкориҳои Русия ва Чин истинод карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *