Ҷо Байден: Роҳбари гуруҳи террористии «Ал-Қоида» дар Кобул кушта шуд
Роҳбари гурӯҳи террористии «Ал-Қоида» Айман Аззавоҳирӣ дар махфигоҳаш воқеъ дар шаҳри Кобули Афғонистон аз ҷониби тайёраҳои бесарнишини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кушта шудааст.
Ин хабарро Президенти Амрико Ҷо Бойден таъйид кардааст.
Бояд гуфт, ки баъд аз аз кушта шудани Усома бин Лодан дар соли 2011 дар Аптободи Покистон, намояндагии созмони байналмилалии террористии «Ал -Қоида» бар ӯҳдаи Айман Аззавоҳирӣ буд.
Айман Аззавоҳирӣ субҳи якшанбе дар ҳамлаи нерӯҳои амрикоӣ кушта шудааст. Байдан рӯзи душанбе зимни суханронӣ дар Кохи Сафед изҳор дошт, ки акнун «адолат барқарор аст» ва «ин раҳбари террорист дигар вуҷуд надорад».
Вай гуфт, ки нерӯҳои кашфи ИМА Айман Аззавоҳириро то хонае дар маркази Кобул пайгирӣ намуданд. Ба гуфтаи Байден, вай дар онҷо бо хонаводааш зиндагӣ мекардааст. Президенти Амрико сипас таъкид кардааст, ки дар ин ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ҳеҷ яке аз аъзои хонаводаи Азззавоҳирӣ ва ҳеҷ ғайринизомӣ кушта нашудааст.
Айман Аззавоҳирӣ, табиб ва ҷарроҳи мисрӣ дар ҳамоҳанг кардани ҳамлаҳои 11-и сентябри соли 2001 нақш дошт, ки дар ҷараёни он чаҳор ҳавопаймои ғайринизомии рабудашуда ба бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ва Пентагон дар наздикии Вашингтон кӯбида шуданд. Дар ин ҳодиса ҳудуди 3 ҳазор нафар кушта шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ