Ҷоизаи ҷаҳонии табиби тоҷик
Табиби тоҷик, профессор Сурайё Шукурова бо ҷоизаи APLAR — Лигаи Зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором қадрдонӣ гардид. Гуфта мешавад, ки ҷоизаи мазкур мукофоти бонуфузи тиббӣ дар арсаи ҷаҳонӣ буда, сазовор шудан ба он на ба ҳар табиб муяссар мегардад.
Лигаи Зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором — APLAR (Asia Pacific League of Associations for Rheumatology) соли 1963 дар Сидней таъсис ёфтааст ва он зиёда аз 25 ҳазор нафар тарбодшиносонро аз саросари олам муттаҳид мекунад. Тарбодшиносони Тоҷикистон низ яке аз аъзои фаъоли ин лига ба ҳисоб мераванд. Ҷаласаи APLAR ҳар сол дар яке аз мамлакатҳои Осиё ва назди Уқёнуси Ором тибқи нақша баргузор мегардад, ки дар он тарбодшиносон дар бораи кашфиётҳои навтарин, технологияҳои пешрафта ва тадқиқоти ояндадор, ки ҷаҳони тарбодшиносиро тағйир медиҳанд, маълумот медиҳанд.
Ҷаласаи навбатии APLAR рӯзҳои 21-25‑уми августи соли 2024 дар Сингапур бо иштироки зиёда 2500 намояндагон аз соҳаи тарбодшиносӣ ва инчунин табибони дигар соҳаҳо баргузор гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Шукурова С. М. бо шогирдонаш иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи APLAR аз миёни мамлакатҳои дунё профессор Шукурова С. М. барои хизматҳои барҷаста дар соҳаи тарбодшиносӣ тавассути таълим, тадқиқот ва хизматҳои касбӣ дар минтақаи APLAR ва барои саҳмгузорӣ дар ин соҳа ва омода намудани тарбодшиносони ҷавон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи фахрии APLAR-MASTER-AWARD қадрдонӣ карда шуд.
Қайд кардан зарур аст, ки тарбодшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳабрии Шукурова С. М. дар чандин конфронсҳои APLAR бо маърӯзаҳо ҳам тариқи онлайн ва ҳам ҳузурӣ иштирок намуданд. Инчунин бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лигаи зиддитарбодии мамлакатҳои Осиё ва Уқёнуси ором соли 2018 конфронси навбатии APLAR дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Шукурова С. М. гузаронид шуд.
Ёдовар мешавем, ки доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи АМИТ Шукурова Сурайё Мақсудовна яке аз табибони маъруфи тоҷик буда, ҳамчун тарбодшинос (терапевт) дар рушди илми тиб хизматҳои зиёде кардааст. Ӯ муаллифи беш аз 200 китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ доир ба тарбодшиносӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ