Ҷоизаи ба номи Одина Ҳошимов насиби кӣ мешавад?
Хабар дода мешавад, ки бо таваҷҷуҳ ба соҳаи фарҳанг, раиси вилояти Хатлон иқдоми некеро роҳандозӣ кардааст.
Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани мақоми кормандони соҳаи фарҳангу ҳунар, рушду такомули санъати касбӣ ва театрӣ дар вилояти Хатлон ҷоизаҳои раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба номи Одина Ҳошимов аз рӯи риштаи “Мусиқии суннатии Фалак”, ба номи Муқаддас Набиева дар риштаи “Санъати эстрадаи миллӣ”, ба номи Абдуллозода Аловуддин дар самти “Санъати театр ва ҳаҷв” ва ба номи Туйдӣ Бобиева дар риштаи “Санъати рақси миллӣ” ба маблағи 5000 (панҷ ҳазор) сомонӣ аз рӯи ҳар як номинатсия муқаррар карда шудааст, ки ҳамасола ба беҳтаринҳо супорида мешавад.
Рамазон Насриддинзода — сардори Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ медиҳад, ки аз ин иқдоми навбатии раиси вилоти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли фарҳангу ҳунари вилоят ва муассисаҳои зертобеъ дар шаҳру ноҳияҳо изҳори сипосу миннатдори мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ