Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро кӣ мегирад?
Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис меёбад. Барандагони ҷоизаи мазкур онҳое мегарданд, ки дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ дастовард дошта, дар муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳақиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик» ба масъулини Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, вазорату идораҳои дигари дахлдор супориш додаанд, ки то 1 феврали соли 2024 лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон Сарвари давлат дастуру супориш доданд, ки ба корҳо дар таҳия ва нашри адабиёти бачагона оид ба таърихи халқи тоҷик вусъат бахшида шавад.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ