Ҷомӣ кашшофи ЭКО

Дар соли 1978 олим эмбриологи англис Роберт Эдвартс ихтирои ҷаҳоншумул ба амал овард. Ӯ ҷанинро дар пробирка парвариш намуд ва аз он кӯдак ба вуҷуд омад. Ин амалиёт имрӯз дар ҷаҳон чун амалиёти ЭКО маъмул аст.

Ба кӯдак Луиза Браун ном гузоштанд. Ҳоло Луиза Браун худаш модар аст ва кӯдакҳои худро дорад. Роберт Эдвартс барои ихтирояш дар соли 2010 соҳиби мукофоти Нобелӣ гашт.

Вале кам касон медонанд, ки ғояи бордоркунии сунъиро бори аввал шоир ва мутафаккири тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492) пешгӯйӣ карда буд. Ин ғояи Ҷомӣ баъд аз 500 сол амалӣ гашт. Барои ин ғояаш ӯ ҳам метавонист соҳиби мукофоти Нобелӣ шавад.

Абдураҳмони Ҷомӣ, ин ғояро, дар достони “Саламон ва Абсол” тасвир кардааст:

Чун ба тадбири ҳокими номдор,

Ёфт гетӣ бар шаҳи Юнон қарор.

Шаҳ шабе аз ҳоли хеш андеша кард,

Шеваи неъматшиносӣ пеша кард.

Хилъати иқбол бар худ ҷуст, ёфт,

Ҳар чӣ аз асбоби давлат ҷуст, ёфт.

Ғайри фарзанде, ки аз иззу шараф,

Аз паси рафтан бувад, ӯро халаф.

Дар замири шаҳ чу ин андеша хост,

Гуфт бо донои ҳикматпеша рост.

Донишманд бе иштироки зан ба вуҷуд овордани кӯдак ва барои вай гирифтани дояро пеша мекунад.

Сохт тадбире ба дониш ки андар он,

Монд ҳайрон фикрати донишварон.

Нутфаро бе шаҳват аз сулбаш кушод,

Дар маҳалле ҷуз раҳим ором дод.

Баъди нӯҳ маҳ гашт пайдо з-он маҳал,

Кӯдаки беайбу тифли бехалал.

Ғунчае аз гулбуни шоҳӣ дамид, 

Нафҳае аз мулки огоҳӣ вазид.

Тоҷ шуд аз гавҳари ӯ сарбаланд,  

Тахт гашт аз бахти ӯ фирӯзманд.

Саҳни гетӣ бе ваю, чашми фалак

Буд он бемардум, ин бемардумак.

З-ӯ ба мардум саҳни он маъмур шуд,    

Чашми ин аз мардумак пурнур шуд.

Чун зи ҳар айбаш саломат ёфтанд, 

Аз саломат номи ӯ бишкофтанд.

Солим аз офат тану андоми ӯ,     

З-осмон омад Саломон номи ӯ.

Чун набуд аз шири модар баҳраманд,

Дояе карданд баҳри ӯ писанд.

Дилбаре дар некӯӣ моҳи тамом,              

Соли ӯ аз бист кам Абсол ном.

Собир БЕКМУРОДОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *