Ҷомашӯӣ бо собуни ҳамсоя. Миллионҳои Тоҷикистон куҷо мераванд?

Имрӯз бозору мағозаҳои Тоҷикистон бештар аз собуну хокаи ҷомашӯии воридотӣ пур аст. Бренди Тоҷикистон аҳён-аҳён ба назар мерасад. Шояд собуну хокаи ҷомашӯии ватанӣ сифату талабот надоранд? Ё истеҳсол заиф аст? Бо чунин вазъ ҳамасола миллионҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ меравад. Яъне, бо ин иқтисоди кишвари дигарро рушд медиҳем. Ҳол он ки, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба масъулин дастур медиҳанд, ки бунёди корхонаҳои маҳсулоти воридотивазкунанда бештар карда шаванд.

Дастури Президент ба масъулин   

Яке аз ҳадафҳои эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистон бунёди корхонаҳои саноатӣ ва ивази воридотӣ аст. Президенти мамлакаӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта зимни сафар ба ноҳияи Данғара ва мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон изҳор дошт, ки ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус дар соҳаҳои коркард масъалаҳое мебошанд, ки бояд ба ҳалли онҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. “Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ҳадафи стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръатро таъмин намоем.

Тавассути афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, хусусан, молҳои ивазкунандаи воридот мо метавонем бозори дохилиро бо маҳсулоти хушсифат ва безарар таъмин намуда, пеши роҳи воридоти маҳсулоти пастсифат ва зараровари хориҷиро гирем”,- таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳангоми таҳлил гуфта шуд, ки талабот ба маҳсулоти макаронӣ 9 ҳазор тоннаро ташкил дода, соли 2023 дар вилоят ҳамагӣ 505 тонна истеҳсол шудааст. Ин рақам 5,6 фоизи талаботро қонеъ мегардонад. “Талабот ба собун дар вилоят 14 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, вале соли 2023 ҳамагӣ 16 тонна истеҳсол шудааст, ки талаботро умуман қонеъ намегардонад”,- изҳори нигаронӣ кард Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Талаботи вилоят ба маводи доруворӣ тақрибан 400 миллион сомониро ташкил дода, соли 2023 дар вилоят ин намуди маҳсулот ҳамагӣ ба маблағи 12 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст, ки талаботро умуман қонеъ намегардонад. Ҳамчунин, қолин, шоколад, консерваи гӯштӣ ва дигар маҳсулоте, ки дар ҳаҷми миллионҳо доллар ба кишвар ворид мешавад, дар ҳудуди вилоят умуман истеҳсол намегардад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор доир ба рушди соҳаи саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва доруворӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

“Озода Косметикс” дар Суғд

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, ҳоло дар вилояти Суғд чанд коргоҳи истеҳсоли собуну хокаи ҷомашӯӣ фаъолият доранд. Аммо дар байни онҳо ҶДММ «Озода Косметикс» пешрафта аст. Ин корхона моҳи апрели соли гузашта бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода шудааст.

Дар корхона истеҳсоли 48 намуд собуни хушбӯй, зиёда аз 5 намуди собуни хоҷагӣ ва бештар аз 10 навъи хокаи либосшӯйӣ ба роҳ монда шудааст. Масъулини ин корхона мегӯянд, ки дар як сол беш аз 25 ҳазор тонна иқтидори истеҳсоли собун вуҷуд дорад. Дар корхона дар як рӯз 20 тонна хокаи либосшӯйии хушсифат истеҳсол карда мешавад.

Коршиносон мегӯянд, ки дар дохил истеҳсол намудани собун ва хокаи либосшӯйӣ, ки асосан аз хориҷ ворид мешавад, аҳамияти иқтисодӣ дорад.

Тоҷикистон аз куҷо собун мехарад?

Ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистону Русия собуну хокаи ҷомашӯӣ ворид карда мешавад. Бино ба иттилои портали “Energyprom.kz” Тоҷикистон дар соли гузашта харидори асосии собуни истеҳсоли Қазоқистон шудааст. Дар маҷмуъ, соли 2023 дар Қазоқистон 17,5 ҳазор тонна собун истеҳсол шудааст, ки 10,6 ҳазор тонна ё 60,8% ба хориҷ содир шудааст. Аз ҳаҷми умумии содироти 10,6 ҳазор тонна 48,7% ба Ӯзбекистон рост меояд. 38,7 дарсади собуни қазоқиро, ки ба хориҷа фурӯхта мешавад, Тоҷикистон харидорӣ мекунад.

Коршиноси иқтисодӣ Нуриддин Қаюмов мегӯяд, ки бояд корхонаҳо ҳамеша фаъол ва таҳти назорати Ҳукумат қарор гиранд. “Имрӯз, хушбахтона дар Тоҷикистон корхонаҳои хурду калон сохта шуда истодаанд. Аммо бо вуҷуди ин, аз берун маҳсулот ворид шуда истодааст. Аз ҷумла, маҳсулоти ҷомашӯӣ. Агар корхонаҳои муштарак низ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда бештар шаванд, ба нафъи кор хоҳад буд. Чунки ҳоло ҳам корхонаҳои аз кор монда зиёданд ва вақти он расидааст, ки дубора фаъол карда шаванд”,- изҳор дошт Нуриддин Қаюмов.

Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Данғара бо ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як коргоҳи истеҳсоли собун  ва дигар намуди моеи зарфшӯӣ низ ба истифода дода шуд. Албатта, ин коргоҳ хурд ҳам бошад, метавонад як минтақаро бо маҳсулоти зарурӣ таъмин кунад. Вале чаро чунин коргоҳҳои хурд дар минтақаҳои дигар вуҷуд надошта бошанд, то аҳолиро бо собуну моеи зарфшӯӣ таъмин кунанд?

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *