«Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе». Ҳендболбозон барои он талош мекунанд
13-уми сентябр дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов маросими кушодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба ҳендбол байни писарон ва духтарон барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” оғоз ёфт.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Мусобиқа имрӯз, 14-уми сентябри соли ҷорӣ идома ёфта, дар он 10 даста, аз ҷумла 5 дастаи духтарон ва 5 дастаи писарон байни ҳам маҳорат ва малакаи варзишии хешро месанҷанд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Шодихон Сафаров, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод, мудири Шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидзода Саидҷалол, раиси Федератсияи Ҳендболи Тоҷикистон Мирзоҳодиев М. ва дигарон ширкат намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ