Ҷоми Тоҷикистон соҳиби худро ёфт

18-уми октябр бозии даври финалии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуда, бо ҳисоби минималии 1-0 ба фоидаи дастаи «Равшан» анҷом ёфт. Голи ягонаи бозиро дар дақиқаи 67-ум Далер Шомуродов тавассути зарбаи пеналтӣ ба ҳадаф расонид. «Равшан» пас аз ин пирӯзӣ баррандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2020 гардид.

Ҳамин тавр, дастаи «Равшан» аввалин намояндаи Лигаи Якуми футболи мамлакат шуд, ки тавониста Ҷоми Тоҷикистонро ба даст орад. Бояд гуфт, ки барои баромадан ба финал, дастаи «Равшан» бар дастаҳои «Ҳулбук» (⅛ финал, 3:2), «Истиқлол» (¼ финал, 4:2) ва «Регар-ТадАЗ» (½ финал, 1:0) ғалаба ба даст овард. Тими «Хатлон» бошад, то роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ бар дастаҳои «Файзканд» (⅛ ниҳоӣ, 2:1), «Эсхата» (¼ ниҳоӣ, 1:0) ва «Истаравшан» (нимниҳоӣ, 2:0) ғолиб шуд. Қаблан, дастаи «Равшан» се маротиба (солҳои 1993, 1994 ва 2003) ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромада, танҳо як маротиба (соли 1994) ғолиби он гардидааст. Дар он сол дар рақобати финалӣ «Равшан» дастаи «Шодмон»-и шаҳри Ҳисорро бо натиҷаи 2:1 мағлуб намуда буд. Тими «Хатлон» бошад, маротибаи панҷум мешавад, ки ба даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбад. Пештар, даста солҳои 1997, 2002, 2003 ва 2005 (он вақтҳо номи даста «Вахш» буд) ба финали мусобиқа роҳ ёфта, ду бор (солҳои 1997 ва 2003) ғолиби мусобиқаи мазкур шуда буд. Маврид ба зикр аст, ки 17 сол пеш – соли 2003 ҳардуи ин дастаҳо дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам рақобат карда буданд. Дар он нерӯсанҷӣ дастаи «Равшан» (он вақт «Олимп-Ансол» ном дошт) аз дастаи «Хатлон» (номи он вақтааш «Вахш» буд) бо ҳисоби 3-1 шикаст хӯрда буд.

Маҳмадназар НАҶБУДИНОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *