Ҷонибҳо тирпарронии шаби гузаштаро баррасӣ карданд

13-уми апрел дар минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти гуруҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Дар ин мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майор Уларбек Шаршеев, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоятҳо ва раисони ноҳияҳои наздисарҳадӣ иштирок намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаи тирпарронии шаби гузаштаро баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки қувваҳои иловагӣ ба маҳали доимии худ баргардонида шаванд. Масъулон аз ҳарду ҷониб хостори таъмини ҳаёти осоиштаи сокинони наздисарҳадӣ гардида, таъкид карданд, ки сабабу омилҳои муноқишаи ахир пурра омӯхта шавад.

Ҳамзамон роҳбарони идораҳои хоҷагии об ва замини вилоятҳо ба мувофиқа расиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ тақвият бахшида, бо назардошти манфиати тарафҳо аз захираҳои обии минтақа якҷо ва самаранок истифода намоянд. 

Бояд гуфт, ки айни замон вазъ дар сарҳад муътадил буда, сокинон ба зиндагии осоиштаи худ идома медиҳанд. Вазъ зери назорати мақомоти қудратии ду тараф қарор дошта, қувваю воситаҳои иловагӣ ба ҷойи доимӣ баргардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Аммо, кас дар ҳайрат мемонад, ки ин ҳама дасисаҳо аз ҷониби сокинони маҳалии Қирғизистон ба чӣ оварда мерасонида бошад? Охир ин ҳамро чи сон бояд таҳамул кард? Ҳайрати кас аз он ду боло мегирад, ки ин ҳама афту дарафтҳоро мақсад чӣ мешуда бошад? Сокинони осоиштаро ба ин ҳама вайронкориҳо кӣ далолат мекарда бошад? Наход худашон? Охир ин ҳама зишткориҳоро дар моҳи мубораки Рамазон аҳли тақво хилофи дини мубини ислом донистаанд. Мо бештар аз он нигаронӣ мекунем, ки оқибати ин ҳама кашмакашиҳо чӣ мешуда бошад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *