Ҷонибдорӣ аз барқарор кардани парвозҳо миёни Тоҷикистону Украина

Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Директори тиҷоратии ширкати ҳавопаймоии украинии SkyUp Людмила Слободянюк мулоқот кард.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина, зимни суҳбат оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ табодули назар сурат гирифтааст.

— Сафир аз ҳолати муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина ибрози назар карда, зикр намуд, ки барқарор кардани парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Киев-Душанбе-Киев ба рушди ҳамкориҳо ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар марҳалаи навро оғоз мебахшад,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ҳарду ҷониб барқарор кардани хатсайрҳои мустақимро байни ду кишвар ҷонибдорӣ намуданд ва барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба ин мавзуъ баргузор намудани мулоқоти маҷозии намояндагони мақомоти марбути ду кишварро зарур шумориданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *