Ҷопон омодаи қабули муҳоҷирони тоҷик аст
Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатиро барои кор дар Ҷопон омода месозад. Ин масъала зимни мулоқоти Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тосихиро Аики мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, вохӯрӣ 9 декабр доир шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират изҳор доштанд.
«Доир ба раванди муҳоҷират, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, касбомӯзӣ, забономӯзӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки Гулнора Ҳасанзода ба сафир барои мусоидат ва саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла баимзорасонии Ёддошти ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ