Ҷорҷ Орлов ба фаъолияти Амонатбонк ҳамчун бонки давлатӣ баҳои баланд дод

Директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ  ҷаноби Ҷорҷ Орлов  ба фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” баҳои баланд додааст.

Тавре ки маркази матбуоти БДА ҶТ “Амонатбонк”  ба Pressa.tj  иттилоъ доданд, 31 марти соли ҷорӣ ҳайати расмии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд таҳти роҳбарии директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ — ҷаноби Ҷорҷ Орлов ҷиҳати баргузор намудани вохўрии дуҷониба бо Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ ба бинои марказии Бонк ташриф оварданд.

Тибқи иттилои манбаъ, ки  ҳадафи асосии вохӯрии мазкур баррасии вазъи бахши молиявии БДА ҶТ “Амонатбонк” дар соли 2021 бо дарназардошти таъсири пандемия, инчунин, арзёбии дурнамои ҳамкориҳои оянда бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад.

“Дар оғози мулоқот аз ҷониби Раиси Раёсати Бонк С. Икромӣ рӯнамоӣ оид ба фаъолияти молиявии Бонк дар соли 2021 пешкаши ҳайати Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд карда шуд. Директори Институти молиявии БАТР оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ — ҷаноби Ҷорҷ Орлов нисбат ба фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” ҳамчун Бонки давлатӣ баҳои баланд дода, омодагии худро ҷиҳати густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуд”,-таъкид дошт манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *