Ҷосусҳои Чин дар Афғонистон. Узр хоҳад афв мешаванд…

Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон таъкид доштааст, ки Чин бояд аз Афғонистон барои ҷосусӣ узр пурсад.

Амруллоҳ Солеҳ, ки сарпарастии парвандаи таҳқиқ аз ҷосусони чиниро бар ӯҳда дорад рӯзи шанбе дар дидор бо Ванг Ю, фиристодаи Чин дар Кобул гуфт, ки агар Пекин зимни узрхоҳии расмӣ бипазирад, ки бо ин иқдом ҳанҷорҳои байналмилалиро поймол кардааст, давлати Афғонистон метавонад ҷосусони чиниро мавриди афв қарор диҳад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Тасним.
Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон қайд кардааст, ки агар Чин узрхоҳи накунад дар ин сурат, давлати Афғонистон додрасӣ алайҳи 10 ҷосуси чиниро идома хоҳад дод.
Бояд қайд кард, ки Идораи амнияти миллии Афғонистони 10 шаҳрванди чиниро ба иттиҳоми ҷосусӣ дар Афғонистон боздошт кардааст, ки бар асоси гузоришҳо бо идораи иттилоот ва амнияти миллии Чин дар иртибот будаанд.
Пеш аз ин як расонаи ҳиндӣ ба нақл аз манобеъ дар раёсати амнияти миллии Афғонистон эълом карда буд ҷосусони чинӣ барои радёбӣ ва назорат бар уйғурҳои фирории иттилоотиро ба давлати ин кишвар гузориш мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *