Пешниҳоди Ҷовид Муқим: Шахсони бениқобро дар нақлиёту ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳ надиҳед!

Аз коронавирус мегӯед, чаро қоидаҳои оддиро риоя намекунед?

Қариб 2 моҳ мешавад, ки расонаҳои Тоҷикистон дар бораи пешгирӣ аз коронавируси Covid-19 мавод пахш мекунанд. Чораҳои аз ҳама маъмули пешгирӣ риояи гигиенаи шахсӣ ва пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Вале мутаассифона, аксари сокинони кишвар онро нодида мегиранд ва чораҳои оддии беҳдоштиро риоя намекунанд.

Масалан, ҳафтае қабл як гурӯҳи занони миёнсолро дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе дидам, ки дар тан либосҳои мотамӣ доштанд ва ба куҷое ба фотиҳа мерафтанд. Онҳо вақте нафари дигареро диданд, ҳатман бо ӯ бӯса карда, вохӯрданд.

Ду рӯз қабл вақте ба ширхарӣ рафтам, ҳудуди 10 нафар занони синну соли гуногун (дар байнашон чанд нафар таҳсилкардаҳои макотиби олӣ низ буданд) дар интизори ширфурӯш ба ҳам наздик, дар фосилаи то 1 метр бе ниқоби тиббӣ ҳалқа зада нишаста буданд ва дар бораи аз коронавирус фавтидани муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳарф мезаданд. Ин ҳолатро дида, сарзанишашон кардам, ки дар бораи коронавирус гап мезанеду ягон нафаратон қоидаҳои оддии беҳдоштиро риоя намекунед.

Вақте бо автобус ба кор рафта меоям, мебинам, ки ҳоло ҳам аксари мусофирон ниқоби муҳофизатӣ надоранд. Ин ҳол дар микроавтобусҳо ҳам ба назар мерасад. Бинобар ин пешниҳод мекунам, ки барои пешгирии сироятёбӣ ронандаҳо шахсони бениқобро ба автобус роҳ надиҳанд.

Мутаассифона, новобаста аз талаб кардани ниқобпӯшӣ ҳоло ҳам баъзе аз фурӯшандаҳои бозору мағозаҳо онро риоя намекунанд. Аз бепарвоии волидон кӯчаҳо пур аз кӯдакон аст, ки бе ниқобанд ва гурӯҳ-гурӯҳ бозӣ мекунанд. Воқеан, таътили дуҳафтаинаи мактаббачаҳо барои кӯчагардии онҳо нест. Ин таътил ба хотири он ҷорӣ шудааст, ки муҳассилин аз хона берун набароянд ва ба бемориҳои сироятӣ гирифтор нашаванд. Саломатии ҳар яки мо дар дастӣ худи мо аст. Агар ҳар яки мо сиҳат бошем, ҷомеа низ аз бемориҳои сироятӣ эмин мемонад.

Аз Фейсбук

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *