Ҷовид Муқим: ТОҶИКИ МАН, ЗИНДА БОШ!

Имрӯзҳо тамоми ҷаҳон аз коронавирус ба даҳшат омадааст. Ҳар рӯз аз он ҳазорҳо нафар ҷон ба ҷонофарин месупоранд. Амрикову Британияи абарқудрат пеши ин вирусаки назарногир оҷиз мондаанд. Ҳатто сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон, ки чун бародари ҳамтояш Доналд Трампи амрикоӣ зӯри коронавирусро нодида гирифта буд, феълан аз ҷазои ин вирус дар бемористон бистарӣ аст (воқеан, баъзе коршиносон мегӯянд, ки Худо аз онҳо рӯй гардондааст ва ин подош барои марги садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта дар Ироқу Сурия, Либиё ва Афғонистону соири кишварҳо мебошад).

Ин вируси даҳшатзо дар кишварҳои ба мо ҳамсояву ҳамсарҳад Афғонистон, Қирғизистону Ӯзбекистон ҳукмфармоӣ дорад. Дар Чини ба мо ҳамсоя ва дӯсту бародари ҷонӣ бошад, аввалин маротиба коронавирус пайдо шуд ва чанд моҳи аввал марзҳои мо барои дӯстону рақибон чун сиёсати дарвозаҳои боз кушода буд. Вале шукри Яздони пок, ки мардуми мо ба он гирифтор нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол баъзе расонаҳои хориҷӣ аз бахилиашон, ки дар кишварҳои онҳо мардум ба таври бесобиқа фавтида истодаанду коронавирус Тоҷикистони азизу маҳбуби моро канор мондааст, чанд рӯз пеш хабареро пахн карданд, ки гӯё як нафар марди 60-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки ба Қирғизистони ҳамсоя ба тӯй рафта будааст, аз таби баланд ва илтиҳоби шуш фавтидааст. Магар кам одамон ҳар рӯз аз бемориҳои гуногун мефавтанд? Рӯзашон, ки буд шуд, моро тарк мекунанд. Касе дар ин дунё сутун нашудааст. Марг ҳақ аст, мегӯянд.

Воқеан, ҳамзамон Вазорати тандурустии Тоҷикистон фармони № 622-и Президентро ба ёд оварда, ба ин хабар вокуниш карданд, ки ин мард аз коронавирус нафавтидааст ва то ҳол ягон нафар бо ин беморӣ дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Вақте масъулин мегӯянд, бояд бовар кард. Зеро ҳукумат дурӯғ намегӯяд ва мардуми худро гӯл намезанад.

Агар дар Тоҷикистон короновирус мебуд, магар ҳукумат иҷозат медод, ки корхонаи «Ҷавонӣ»-и Хуҷанд барои ба Италия фурӯхтани 11 миллион дона ниқоби тиббӣ тасмим мегирифт?!
Масъулини кишварҳои хориҷӣ дер боз майна об карда истодаанд, ки чаро аҳолии Тоҷикистон гирифтори коронавирус намешавад? Ба ин суол коршиносони хориҷӣ посухи гуногун додаанд. Яке гуфтааст, ки аксари мардуми тоҷик тақводоранд ва ҳар рӯз тоату ибодат мекунанд ва тоза нигоҳ доштани бадан аз гирифторӣ ба ин вирус пешгирӣ менамояд. Албатта, риояи қоидаҳои санитариву гигиенаи шахсӣ яке аз роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ мебошад. Шояд ҳамин бошад, ки дар кишвари мо намози ҷамоаро аз нав иҷоза доданд ва акнун намозгузорони масҷидҳо бо раҳнамоии имомхатибҳо ҳар рӯз 5 маротиба пеш аз оғози намоз дуои навэҷоди зидди коронавирусро баланд мехонанд. Баъди анҷоми намоз бошад, аз Худои мутаолло чунин хоҳиш мекунанд:

Эй Худои меҳрубон, мардуми Тоҷикистонро дар паноҳат сиҳату саломат нигоҳ дор, зеро ба ҷуз ту касе чунин қудрат надорад!
Шояд дуои мазкур мустаҷоб гардида бошад?

Коршиносони дигар мегӯянд, ки мардуми мо кайҳо ба ин монанд бемориро аз сар гузаронида, иммунитет ҳосил кардааст ва барои ҳамин ҳам дигарбора ба он гирифтор намешавад. Воқеан ҳам, моҳҳои декабр, январ ва аввали феврал садҳо нафар бо таби баланд, диққи нафас ва илтиҳоби шуш бемор шуда, сиҳат шуданд. Ҳамагон гумон мекарданд, ки зуком буданд. Мардуми мо то аз по наафтад, худро бемор намедонад ва ба духтур муроҷиат намекунад.

Воқеан ҳам, ба дард тоб овардан дар гени мо ҳаст. Дар давраи Шӯравӣ самолётҳои «Кукуризник» (АН 2) вақти пахтачинӣ аз болоямон дефолиант мепошиданд, то барги пахта хушк шавад. Мо ба ин тобовар шуда будем, ҳатто баъди ин сардарду заҳролуд намешудем. Баъдан мо куштору ғорат ва гуруснагии давраи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем ва аз нав қомат рост кардем. Вақте маоши ночизу нархҳои осмоншикани ҳаннотон қомати чун алиф рости моро хам карда наметавонад, магар ким-кадом вирусаке моро аз по меафтонад?!
Ҳаргиз! Тоҷики ман, зинда бош!

ҶАВИД МУҚИМ ПРОФЕССОР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *